Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи Гурӯҳҳои мудофиаи граждании Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии роҳбари Барномаи ҷаноби Ҷереми Вишневски мулоқот кард
Роҳбари Кумита ба меҳмонон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда, оид ба вазифаҳо ва ваколатҳои Кумита, дар бораи механизмҳои мубориза бо вазъи фавқулодда, таҳким ва навсозии заминаи моддию техникӣ ва иқтидори таълимии воҳидҳои сохтории Кумита ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа, маълумот дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули иттилоот ва таҷриба, таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандони Кумита, расонидани кӯмакҳои техникӣ ва методӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандонро баррасӣ намуданд.
Дар навбати худ, ҷаноби Вишневски дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати ИМА дар ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ меандешад, маълумот дод.
Инчунин, зимни вохӯрӣ тарафҳо ба идомаи ҳамкориҳо дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ изҳори таъкид карданд.