Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қ А Р О Р
Совет Министров Республики Таджикистан
аз 17 августи соли 1994 № 400 ш. Душанбе
Дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба ҳолатҳои
фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании
назди Шўрои Вазирони ҶумҳурииТоҷикистон
Бо мақсади беҳтар намудани ташкили кори мубориза бо офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фвақулоддаи табиию техникӣ, тайёр кардани аҳолӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба амалиёт дар шароити ҳолатҳои фвақулодда, Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н ад:
Дар заминаи Штаби мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбии он, воҳидҳо ва муассисаҳои мудофиаи граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Штабҳои мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои ҳарбӣ, қисму воҳидҳои мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда, онҳо ба тобеияти Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.
Штабҳои мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба штабҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияаии оид баҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ табдил шаванд.
Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири Корҳои Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев