Рўзи 8-06-2016 дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз ҳодсаҳои ғарқшавӣ бо аҳолӣ ва мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рўдакӣ вохўрӣ гузаронида шуд.
Дар он мутахассисони Кумита оид ба мавзеъҳои хатарноки шиноварӣ дар кулу дарёҳо ва тарзи дурусти шиноварӣ дар мавзеъҳои оббозӣ сўҳбат намуданд.
Ҳамазамон дар мавзеъҳои шиноварӣ шиору овезаҳои огоҳкунандаи хавфи оббозӣ насб карда шуда, ба ҳозирин бахусус ба мактаббачагон варақаҳои таблиғотӣ оид ба қоидаҳои оббозӣ тақсим карданд.
Наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита дар дидорҳо машқи наҷот бо унсурҳои махсуси шиновариро дар мавзеъҳои хавноки оббозӣ нишон доданд ва чанде мактаббачагонро чун амали шартӣ дар ҳолати ғарқшавӣ аз об ба берун барроварданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади омўзиши аҳолӣ аз қоидаҳои оббозӣ маҳсуб ёфта, ба коҳиши шумораи ғарқшавандон дар кишвар мусоидат менамояд.