Раёсати кадрҳои Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1994 ҳамчун шўъбаи кадрҳо дар ҳайати Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Роҳбарии раёсати мазкурро дар солҳои гузашта полковник Кузнетсов Виктор Михайлович, полковник Раибова Светлана Маҳмадовна, полковник Раҷабов Махмадӣ, полковник Бобокалонов Абдураҳмон Маҷидович, полковник Усмонов Ислом Ҷумаевич, полковник Ҳалимов Қурбоналӣ Атоевич, полковник Шарифов Давлатҷон, полковник Бачаҷонов Мамаҷон, подполковник Шодиева Зулфия Давлатшоевна ба зима доштанд ва аз соли 2012 то инҷониб полковник Одилов Диловар Абдулҳамидович иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кадрҳоро ба уҳда дорад.
Дар ҳайати Раёсати кадрҳо ду шўъба: шўъбаи ҷобаҷогузории ҳайати шахсӣ ва шўъбаи таҳлилӣ ва бақайдгирии ҳайати шахсӣ фаъолият менамояд.
Раёсати кадрҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон (минбаъд Раёсати кадрҳо) яке аз сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пурра намудани ҳайати шахсии Кумита ва воҳидҳои сохтории он бо кадрҳои мутахассис пешниҳод намудани афсарони лаёқатманд барои таҳсил намудан дар донишкадаҳои олии ҳарбӣ ва баъди хатми донишкадаҳои олии ҳарбӣ пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳлилу бақайдгирии парвандаҳои шахсии навдаъватшудагон, пешниҳод намудани маълумотнома оид ба сифатнокӣ, маълумотнокӣ ва вазифаҳои холӣ ба роҳбарияти Кумита амалӣ месозад.
Раёсат аз соли 1999 то ин ҷониб ҳамкориро оид омода намудани мутахассисони соҳаи пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатхои фавқулодда бо Академияи ҳифзи шаҳрвандии Федератсияи Россия давом дода, то инҷониб 36 нафар афсарон академияи мазкурро хатм намуда, дар Кумита ва сохторҳои он хизмат намуда истодаанд. 6 нафар айни ҳол дар таҳсил мебошанд. Инчунин, 58 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита факултаҳои роҳбарикунанда, ҳуқуқшиносӣ ва муҳандиси Академияи Вазорати корҳои дохилиро хатм намуда, дар Кумита ва сохторҳои таркибии он кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Аз соли 2009 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи «Пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда»ташкил карда шуда, барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис тайёр карда мешавад, инчунин дар Донишкадаи фармондеҳӣ-муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус барои Кумита мутахассис тайёр карда мешавад. Айни ҳол 2 (ду) нафар Донишкадаи мазкурро хатм намуда, 9 (нўҳ) нафари дигар таҳсил намуда истодаанд.
Аз соли 2013 бо фармони Раиси Кумита дар Маркази таълимӣ-методӣ Курсҳои 10 рўза барои афсарони ҷавон ташкил ва гузаронида шуда, аз соли 2014 мўҳлати омўзишии Курсҳо ба 40 рўза расонида шуд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии афсарон заминаи асосӣ мегузорад.
Аз соли 2014 дар Маркази таълимӣ (қисми ҳарбии 45095)-и Кумита барои афсарони ҷавоне, ки ба қисмҳои ҳарбӣ таъин карда мешаванд, Курсҳои таълимии 10 - рўза ташкил ва гузаронида шуд, ки барои бо хизмат ва шароити он бо Оинномаву Низомномаҳо шинос шудани афсарони ҷавон таъсири мусбӣ мерасонад.