Таърихи таъсисёбии Раёсати ҳифзиаҳолӣ ва ҳудуди Кумита дар тўли солҳои 1994-2014
Баробари таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замимаи Ситоди мудофиаи гражданӣ дар таърихи 1994 саҳифаи нави соҳа кушода шуд.
Пас аз пошхурии системаи ягонаи мудофиаи гражданӣ- Иттиҳоди Шуравӣ фазои ягонаи стратегии ҳифзи шаҳрвандӣ барҳам хурда, сохторҳои нав ва мустақили давлатҳои ИДМ ба вуҷуд омаданд.
Вазъияти мураккаби сиёсӣ ва зиёд гардидани ба амалоии офатҳои табиӣ дар назди Кумита вазифаҳои навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолтҳои фавқулоддаро ба миён овардаанд.
Дар ингуна шароитҳо таъсиси як сохтори корбасти асосии Кумита зарур омад, ки ҳамоҳангсози чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ буда, ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда қудрати иҷрои онро дошта бошад.
Бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 17 августи соли 1994 рақами 400 Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ин хусус, тибқи қарори мазкур дар сохтори Дастгоҳи Марказии Кумита дар замимаи шуъбаи махсуси муҳофизатӣ, шуъбаи эвакуатсия ва нақлиёт, шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва шуъбаи ҳифзи тиббию биологӣ - Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ташкил гардид.
Соли 1994 Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз шуъбаҳои зерин иборат буд:
Шуъбаи муҳандисӣ-техникӣ, шуъбаи ҳифзи тиббӣ-биологӣ, шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, шуъбаи эвакуатсия ва нақлиёт, шуъбаи зудамал, ки баъдан дар заминаи он хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ (маркази наҷотдиҳӣ) ташкил карда шуд.
Дар заминаи шуъбаи чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ – шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, шуъбаи мониторинг ва барҳамдиҳи ҳолатҳои фавқулодда ва шуъбаи сохтмон ташкил ёфтанд.
Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд бо максади такмил додани сохтор баъдан ба Раёсати чорабиниҳо оид огоҳонидан аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳайати Вазорати ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 ноябрисоли 1999 № 479 тасдиқ ёфт, табдил дода шуд.
Дар ин давра, бо назардошти талаботи замона, такмили раёсат амалӣ гардид, ки тибқи вазифаҳои дар пеш истода, шуъбаҳои нав таъсис дода шуданд. Аз он ҷумла, шуъбаи зудамал барқарор карда шуд, ки хадамоти наҷотдиҳии куҳиро ҳамоҳанг месохт, шуъбаи таҳлилию ана- литикӣ вазъияти баамал омадаро таҳлил ва ҷамъоварии маълумотҳоро оид ба ҳолатҳои фавқулодда амалӣ месохт, шуъбаи мониторинг ва пеш- гуии ҳолатҳои фавқулодда, ки гузаронидани чорабиниҳои пешгирии офатҳои табиӣ ва мушоҳида аз равандҳои хавфноки табииро ба уҳда дошт. Дар заминаи ин се шуъба дар соли 2005 маркази иттилоотию таҳлилии Кумита таъсис дода шуд.
Дар ин давра дар сартосари Ҷумҳурӣ як қатор ташкилотҳои байналхалқии башардустона фаъолият менамуданд, ки ба аҳолии бар асари офатҳои табиӣ зарар дида кумак мерасониданд.
Бо ташаббуси мутахассисони Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ба рои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои байналхалқии башардустона, ки дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда лоиҳаҳои гуногунро татбиқ менамоянд, таҳти роҳбарии Кумита гуруҳи REACT – гуруҳи ҳамоҳангсози баҳодиҳӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис додашуд.
Айни замон, Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд яке аз сохторҳои пешбарандаи соҳавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамоҳангии фаъолияти комили ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва сарватҳои миллии мамлакатро аз хавфу хатар, ки дар ҳолатҳои фавқулодда руй медиҳанд, анҷом медиҳад.
Вазифаи аслӣ ва асосии раёсат, ин:
- - ҳифзи аҳолӣ ва сарватҳои миллии мамлакат дар давраи ҷанг ва замони осоишта аз маводҳои зарбавии ҳозиразамон ва дар ҳолатҳои фавқулодда;
- - тайёр кардани пешниҳодот ба роҳбарият бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафсозии садамаю фоҷиа ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои он;
- - гузаронидани сиёсати давлатӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
- - таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаи мақсадноки илмию техникӣ ҷиҳати пешгирию бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат ва баланд бардоштани фаъолияти устувори иншоотҳои хоҷагии халқ ҳангоми руй додани ҳолатҳоии фавқулодда;
- - назорат оид ба гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати пешгирию кам кардани эҳтимолияти руй додани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми хисороти бар асари онҳо расида;
- - ташкили ҳамкориҳои байналхалқӣ оид ба масоиле, ки ба салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад;
- - ташкили шабакаҳои назоратӣ ва озмоишгоҳ оид ба ҳолати муҳит ва иншоотҳои хавфнок мебошад.