июли 2017

Барраси ҷанбаҳои қонунии таҳкими имконияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як семинари дурӯза дар шаҳри Душанбе

Ширкаткунандагони як семинари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе имкониятҳои қонунии таҳкими фаъолиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Яке аз бахшҳои баррасии масоили зикршуда пешниҳодҳо барои васеъ намудани зарфиятҳои Кумита дар таъмини омодагӣ ва чораҳои вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда

Савол ба Раиси Кумита: Ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ, яъне чӣ?

Муҳтарам генерал!

Дар сомонаи Кумитаи шумо ду истилоҳро бештар вомехӯрем: ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ. Табиоро то ҷое медонем, ки селу ярчу тармаву обхезӣ шояд дар назар дошта шудааст. Аммо ҳолати фавқулоддаи техногенӣ чист? Мехостам дар ин бора бидонам.

Муколама атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муколамаи ошкоро атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт, ки барои ҷонибҳо

Наҷоти 76 нафар дар ним сол аз ҳодисаҳои фавқулодда

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 бар асари роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Аз ҷумла, дар зимистони сарди гузашта 24 нафар аз зери тарма, 13 тани дигар аз об, 10 нафар аз садамаҳои нақлиётӣ

Дар ним сол дар Тоҷикистон 51 ҳодисаи фавқулодда ба қайд гирифта шуд

Таҳлили натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон медиҳад, ки зарфи шаш моҳи соли 2017 дар қаламрави кишвар 51 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Аз ҷумла, 15 ҳодиса лағзиши тарма, 17 мавриди резиши санг ва нуҳ ҳодисаи сели харобиавар.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: гармои то 44 дараҷа дар даҳаи сеюми моҳи июл!

Даҳ рӯзи оянда дар кишвар ҳаво шадидан гарм мешавад ва ҳарорати он то ба 44 дараҷа мерасад. Аз сабаби об шудани барфи баландкуҳҳо ва пиряхҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти

Суҳбат аз мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобила бо экстремизм ва терроризм дар солҳои 2016-2017” дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ёвари калони Прокурори шаҳри Душанбе оид ба муқобилият бо терроризм ва экстремизм ва назорати қонуният дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Фаррух Насимов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот дар масъалаҳои зуҳуроти манфии терроризм ва экстремизм посухҳои дақиқ дода шуданд. 

Хабари расмии фоҷеаи заврақи чаппашуда дар оби дарёи Панҷ

Бар асари чаппа шудани як заврақм дар оби рӯдхонаи Панҷ дар наздикии деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз се нафар ғарқ шуданд. Дар ин заврақ касе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда набуд ва хабари ҳузури кормандони Кумита, ки баъзе расонаҳо интишор доданд, дур аз воқеият аст.

Дар рустои Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз

Ҷалби таваҷҷуҳи истироҳаткунандагони лагерҳои бачагонаи дараи Варзоб ба қоидаҳои бехатарӣ

Гуруҳе аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба истироҳатгоҳҳои бачагонаи дараи Варзоб рафтанд ва ба бошандагонаш дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳамсуҳбат шуданд, ҳамчунин наҷоти ғарқшудагони эҳтимолиро тамрин карданд.

Ин дидору мулоқотҳо дар доираи барномаи фарогири “Тобистони бехатар” амалӣ шуд ва  кормандони Кумитаи

Вазъ дар Рашт: Хатари омадани селу лағзиши тарма бартараф шудааст

Ҳаракати мошинҳо дар қисмати селзади роҳи Душанбе-Сангвор аз сар гирифта шуд, роҳ аз лойоба ва сангу рег тоза гардид. 40 хонаводаи зери таҳдид хатар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар минтақаи ҷамъшудаи барф зери назорат гирифтаву вазъро меомӯзанд.
Гармои шадиди охири ҳафтаи гузашта ва аввали ҳафтаи ҷорӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазиши боди сарду шадид дар рӯзҳои 14-15-уми июл

Ба дунболи гармои шадид боди сарду сахт баъзе аз қисматҳои кишварро ба гирдоби як тӯфони пурчангу ғубор хоҳад печид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон  сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад.

Омӯзиши минтақавии ҳамкориҳои хадамоти матбуотӣ бо ВАО

Масъалаҳои самароварии  PR, шакли нави ироаи иттилоот, ки бар пояи додаҳои тасвирбардорӣ, истифодаи сервисҳои мултимедӣ, ҳамчунин баланд бардоштани зарфиятҳои кормандони хадамоти матбуотии идораҳои давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи муҳити атроф ва ширкатҳои миллии телевизионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як омӯзиши минтақавӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Страницы