Алиҷони Сарбандӣ. ДАРСИ БЕХАТАРӢ

( Ба рӯзи наҷотбахшон )

Аз офати ниҳонӣ
Пур аст зиндагонӣ.
Гаҳ тарма ояд аз кӯҳ,
Гаҳ сел ногаҳонӣ.
***

Бо сад паёмади бад,
Гоҳе замин биҷунбад,
Гаҳ тундбоди саркаш
Дару тиреза кӯбад.
***
Вақте хатар биёяд
Бо сад зарар биёяд.
Даруни хона будан
Ҳаргиз туро нашояд.


Рониши маргбори замин дар устони Карбалои Ироқ чаҳор нафарро ба ҳалокат расондааст

Бар асари ярч дар як зиёратгоҳи шиъаён дар устони Карбалои Ироқ 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои ироқӣ ахиран хабар додаанд, ки ба имдодгарон муяссар шудааст, ки шаш нафарро аз зери вайронаҳо ва хоку лой наҷот диҳанд. Аммо манбаҳои дигар аз наҷоти ҷони 8 нафар хабар додаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳанӯз теъдоде аз зоирини ин зиёратгоҳ, ки бо номи Чашмаи Имом Алӣ ёд мешавад, зери вайронаҳо мондаанд ва талошҳо барои наҷоти онҳо идома доранд.

Ҳалокати як писари 9-сола дар Ёвон. Оббозӣ мекард, волидонаш беназорат гузошта буданд

Дар як ҳодисаи нохӯш дар об як кӯдак ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 9 сол дошт ва агар волидонаш назорат мекарданд, ин фоҷеа рух намедод. Мо ҳамеша баъди марги азизонамон пай мебарем, ки онҳо бароямон азиз буданд. То ин замон бепарвоем. Мутааасифона.

Ҳодиса 21-уми августи соли равон рух дод. Соати 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Мулоқот бо намояндаи идораи зиддикоррупсионӣ дар КҲФ

20 августи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо дар бораи қонунҳои зиддикоррупсионӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назариён мулоқот баргузор шуд.

Зимни суханронӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза...

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофии граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва ҳайати шахсии Раёсати вилоят ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он»  омӯзиш гузарониданд.

Страницы