Раёсати ВМКБ

Давраи кутоҳмуддати омӯзишӣ дар ВМКБ

Рӯзҳои 25-26 апрели соли 2024 дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки кормандони раёсат ва сарварони шӯъбаҳо, наҷотдиҳандагон семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.

Семинарро кормандони Раёсати тиббии КҲФ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мегузаронанд.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯшон

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар давоми се рӯз дар мавзӯи: «Амалиёти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиаи гражданӣ» машқҳои мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи Наврӯзи Байналмилалиро таҷлил карданд, ки дар он муовини Раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода, ҷонишини Раиси ВМКБ Х.Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоишҳои театрию мусиқӣ, ки рангорангии минтақа ва вижагиҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунад, оғоз ёфт.

Ҳамлаи паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини Роштқалъа

Бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ паланги барфӣ вориди ҳавлии сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шуда, 18 сар чорвои хурди онро дар оғилхона ба ҳалокат расондааст.

Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Дар толори маҷлиси Ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарварии раиси вилояти Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа корҳои анҷомшуда дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Страницы