Тамрини мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Гулистон

23 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Сирдарё «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, 65 нафар директорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,   муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он, 831 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва 15 нафар донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳри Гулистон  фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ озмуни расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулода, дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6 дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввалия ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 6 доир ба мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Сипас, соати 9:50 дақиқа бонги хатар бо воситаи баландгӯякҳои махсус эълон гардида, аз тарафи сардори бахши алоқа хонандагон ва омӯзгорон оиди хатари ба вуқуъ омада огоҳ карда шуданд.

Хонандагон дар аввал барои худро муҳофизат намудан ба таги миз даромада, сипас баъди 3-5 дақиқа мутташакилона ба ҷои бе хавф (майдончаи варзишӣ) баромаданд.

Гурӯҳои наҷот ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани омӯзгорону хонандагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, хомӯш намудани сӯхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса ба пуррагӣ иҷро карданд.

Чорабинии мазкур соати 11:30 дақиқа дар назди дарамодгоҳи асосии муассиса таҳлил ва ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, сипосномаҳои Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.