Заминларзаи нимишабӣ дар кишвар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-уми январи сол 2025 соати 01:03 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 443 километрии шарқи шаҳри Душанбе, 43 километрии шимолу шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Манбаъ гузориш дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 балл буд.

Бар асари ин заминларза талафони ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашуд.

 

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармаву резиши санг ва яхбандӣ дар чанд рӯзи оянда  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти пешакӣ, хабар медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (километрҳои 48-71) ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма, резиши санг, яхбандӣ ва туман боқӣ мемонад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи КҲФ баргузор шуд

9 январи соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, бо ширкати сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон генерал-майор А.Маҷидзода ҷаласаи ҳайати мушовира баргузор шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти КҲФ дар соли 2024-ро мавриди барарсӣ қарор дод.

Сӯхтори ҷангал дар Лос-Анжелеси ИМА (ВИДЕО)

Дар Малиба хонаҳои шахсиятҳои маъруф аланга мегирад

Мақомоти ИМА аз ҳалокати 5 нафар дар сӯхторҳои ахири ҷангал дар Лос-Анжелис хабар медиҳанд. Бино ба иттилои як рӯзи пеш забонаи оташ ба теппаҳои Ҳоливуд расид ва сокинони ин минтақа ба ҷойҳои амн интиқол дода мешаванд.
Сардори пулиси округи Лон-Анжелис  Роберт Луна изҳор

Сарвари КҲФ дар видеоконфронси байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кард

7 январи соли 2025 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар конфронси байналмилалӣ, ки аз ҷониби Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Страницы