Таъсири гармо ба уқёнусҳо. Донишмандон мегӯянд ҳоло ин аввали кор аст

Гармои тобистони имсол соле қабл набуд ва ин ҳақиқати маҳзро ҳама метавонанд тасдиқ кунанд. Дар Тоҷикистон шояд ҳеч соле дар як даҳсолаи охир ба мисли имсол набуд, ки тобистонаш аз селҳо фаровон бошад, борони шадидаш хонаву роҳҳоро хароб кунад. Дамои ҳаво дар баъзе манотиқ тобистони имсол аз 50 дараҷа боло рафт ва ин об шудани пиряхҳоро тезонд.

Моҳи июл дар саросари олам гармтарин моҳи сол буд. Аммо моҳи август натавонист ин рекордро шиканад, ба гуфтаи таҳлилгарон барои август як рӯзи гарми дигар лозим буд, ки аз рекорди июл гузарад, вале он рӯз фаро нарасид, дамои ҳаво батадриҷ ва хеле оҳиста поён рафт. 

Бино ба маълумоти Расадхонаи обу ҳавои Copernicus, ки ВВС дар як мақола ба додаҳои он истинод мекунад, 1 августи соли равон ҳарорати миёнаи шабонарӯзии об дар уқёнусҳои олам то ба 20,96°C  расид.  Ин на танҳо аз рекорди гармои оби уқёнусҳо дар соли 2016 зиёд буд, балки гармтарин ҳарорат дар ин мавсим дониста шуд. Зеро маъмулан уқёнусҳои олам моҳи март гарм мешаванд ва маҳз моҳи марти соли 2016 баландтарин ҳарорати об дар уқёнусҳои олам ба ҳадди 20,95°C ба қайд гирифта шуда буд.  

“Агар дар август дамо дар уқёнусҳо ба ин ҳад расад, пас оянда дар моҳи март чӣ ҳол пеш хоҳад омад? Ин хеле ташвишовар аст”, - гуфтааст пажӯҳишгари шинохта Саманта Берджесс аз маркази Коперник.

Иқлими олам, ки аслан бо дастони инсон чунин тағйир меёбад, боис шудааст,ки ҳарорати миёнаи сатҳи баҳр дар сайёра аз нимаи моҳи апрел ба маротиб болотар бошад ва пӯшиши яхии уқёнус дар Қутби Шимол ва Қутби Ҷануб сареътар аз ҳадди маъмулӣ коҳиш ёбад. 

Ҳамаи ин қабл аз таъсири комили  Эл-Ниню баланд шудани харорати обҳои рӯизаминй дар уқьёнуси Ором ба амал меояд.

 Эл-Ниню чист? Ин яке аз чархаҳои машҳури обу ҳавои ҷаҳон аст, ки ҳар 2 то 7 сол як бор боиси эҷоди ноҳинҷориҳои бузург дар обу ҳавои саросари сайёраи Замин мешавад. Аз ҷумлаи ин ноҳинҷориҳо метавон ба селобҳои ногаҳонӣ, хушксолӣ, қаҳтӣ ва эпидемияву пантемияҳо ишора кард. 

Профессор Майк Берроуз, ки баҳрро дар соҳилҳои Шотландия меомӯзад, мегӯяд суръати афзоиши дамо, ки хеле башиддат аст, касро метарсонад.

Уқёнус барои иқлим ва боду ҳаво нақши муассир дорад, зеро 70 дарсади сайёраи Замин бо уқёнусҳо пӯшида шудааст ва 90% гармоиши ҷаҳонии даҳсолаҳои ахирро ҷазб кардааст. 

Ҳар қадр оби уқёнуси олам гарм бошад, ҳамон андоза вай қобилияти камтари фурӯ бурдани энергияи гармиро дорад ва ин бидуни шак ба дамо дар сайёра таъсир мерасонад. 

Истилоҳи “Ваннаи гарм”  то куҷо дуруст?

Уқёнуси гармшуда натанҳо атмосфераро тағйир медиҳад, на танҳо ба расиши бод, боришот, ҳаво таъсир дорад, балки метавонад ба экосистемаи қаъри об ҳам таъсири шадид расонад.

“Вақте вориди об мешавӣ, ба гумонат, ки вориди ваннаи гарм шудаӣ, мегӯяд Кэтрин Леснески аз Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусии ИМА (NOAA).-  Дар сахраҳои камумқи соҳилҳои Флорида марҷонҳо башиддат сафед мешаванд ва дида мешавад, ки бисёре аз онҳо алакай мурдаанд”.

Як ҳафта қабл, яъне аввали моҳи августи соли 2023 соҳилҳои Флорида то  38,44°C гарм шуданд. Дар ҳоле, ки меъёри мавсимии дамо дар ин обҳо тибқи гузориши ҳарсолаи  NOAA аз 23° то 31°C аст.

Аммо на танҳо дар халиҷи Мексика ин рекорди гармӣ шикаста шуд, балки дар Қутби Шимол ва баҳри Миёназамин низ дамо ба шиддиат тағйир ёфт.

Сабаби ҳамаи ин барои донишмандон кайҳост, ки маълум аст: партоби газҳои гулхонаӣ боиси гармои шадид дар Сайёра мешавад. Уқёнусҳои муваққатан ин ин энержиро ҷазб мекунанд, вале он ҳеч куҷо нопадид намешавад.

Донишмандон бар ин назаранд, ки ҳар қадаре, ки сӯзишвории истихроҷшаванда сӯзонда шавад, ҳамон андоза гармии зиёдатӣ аз ҷониби уқёнус ҷаббида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки барои ба эътидол овардани он ва баргаштан ба ҳолати қаблӣ ба вақти бештар ниёз аст. Ва оянда метавонад бадтар аз ин шавад, чун ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ гармшавии бештари сайёраро мушоҳида мекунад. Додаҳои илмӣ ва хулосаи кулли пажӯҳишҳои ниҳодҳои таҳқиқотии олам ҳам ба ҳамин нукта таъкид мекунанд. Аз сӯи дигар донишмандон мегӯянд дар айни замон Эл-Ниню ба ҳама имкону қуввае дорад, аз худ дарак надодааст. Тибқи низоми маъмул он бештар наздик ба тирамоҳ худро ошкор мекунад ва ин қадами дигаре ба гармшавии Сайёра дар соли оянда хоҳад буд. 

Дар мавриди гармоиши шадид борҳо навиштаанд. Давлатҳо ва созмонҳо даҳҳо бор ҷаласаҳои бузурге созмон додаву кишварҳо уҳдадор шудаанд, ки барои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ талош хоҳанд кард. Вале ин кори осону содае нест. Коҳиш додани партоби газҳои гулхонаи фавран натиҷа нахоҳад дод ва барои ин даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо лозим аст, ки олам ба ҳавои муътадил баргардад.

Аммо имрӯз ҳам агар давлатҳо даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назананд, фалокати мудҳише Сайёраи моро таҳдид хоҳад кард.

Голфстрим чист ва кай аз чархиш бозмеистад?

Голфстрим (анг. Gulf Stream) як ҷараёни уқёнусии гарм ва қавӣ аст, ки дар уқёнуси Антлантик ҷараён дорад ва  ба ду бахш тақсим мешавад. Бахши шимолӣ ба шимоли Аврупо меравад ва бахши ҷанубӣ ба ғарби Африқо. Голфстрим ҳудуди 100 километр арз ва 800 то 1200 метр умқ дорад ва суръати об дар сатҳи он 2,5 метр сония аст.

 Гардиши об дар уқёнуси Атлантик иқлими ин қисмати сайёраро муайян мекунад, аммо тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ дар навбати худ ба суръати ҳаракати оби гарми рӯизаминӣ аз баҳри Кариб ба соҳилҳои Аврупо ва ҳаракати баръакси оби сарди зеризаминӣ таъсир мерасонад.

Ба шарофати он дар шимолу ғарби Аврупо, пеш аз ҳама дар ҷазираҳои Британия иқлим назар ба ҳамон арзҳои қитъа мулоимтар аст. Дар Лондон, бар хилофи Берлин ва Киев, сардиҳои тӯлонӣ ва зимистонҳои пурбарф вуҷуд надоранд, майдонҳо ҳамеша сабзанд ва рустаниҳои тропикӣ худро чун дар ватану дар хонаву манзили худ ҳисс мекунанд. 

Солҳои охир олимон борҳо дар бораи он, ки Голфстрим рӯ ба заъф меорад, изҳори назар карда буданд. Бо вуҷуди ин, арзёбии коршиносони варзидаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар асри 21 фоҷеаи комил рух нахоҳад дод.

Аз сӯи дигар уқёнуси гарм боиси об шудани яхҳо мегардад ва ин пеш аз ҳама ба обу ҳавои гарм вобаста мебошад. Масалан солҳои охир Шимолгон (Арктика) чор баробар бештару зудтар назар ба қисматҳои дигари сайёра гарм мешавад ва олимон борҳо гуфтаанд, ки ҳаддиақал то соли 2050 кулли яхи ин қора об мешавад. Аммо ҳоло донишмандон нақтаи назари дигарро иброз доштанд ва гуфтанд, ки пурра об шудани яхи Арктика эҳтимолан рух нахоҳад дод, зеро соли 2023 гармо то ба шимол нарасид.

Бино ба маълумоти расонаикардаи National Snow and Ice Data Center (NSIDC, ИМА) миёнаи моҳи июл яхи Антарктида (Ҷанубгон) 1,3 миллион метри мукааб буд, ки назар ба солҳои 1981 то 2010 кам аст.

Манбаъҳо: ВВС, Евронюс, ИТАР-ТАСС

Таҳияи Б.Шафеъ