Activities calendar

27 сентября 2023

Ширкат дар барномаи мустақими телевизионӣ

Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори хадамоти ҳифзи муҳити зист ва роҳбари муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят дар барномаи мустақими телевизионии “Рӯбарӯ” ширкат карданд

Муддати як соат онҳо ба бинандагони сершумори телевизиони вилоятӣ...

Садамаи мошин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Як тан ҳалок шуд, ду нафар маҷруҳ

Рӯзи 26-уми сентябри соли равон ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар километри 280-300 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузарад, як мошини тамғаи «Hundai» ба як дарахт бархӯрдааст.