Шумори куштагони заминларза дар Ҷопон рӯ ба афзоиш аст

 japan
Бар асари як заминларзаи шадид дар Ҷопон беш аз 30 нафар ҷони худро аз даст доданд ва бино ба гузориши мақомоти давлатӣ шумори ҳалокшудагон рӯ ба афзоиш аст. Мақомоти давлатӣ аз вайрониҳои бештари ин зилзила ҳушдор дода гуфтаанд, ки ҳаҷми зарари расидаро танҳо баъди анҷоми корҳои наҷот метавон дақиқ эълон кард.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида гуфтааст, ки “Заминларза хисороти калон ворид овард, хонаҳои зиёде хароб шуданд, сӯхтор рух дод, одамон ҷон бохтанду ҷароҳат бардоштанд”. 

Ин заминларза бо қувваи 7,6 балл рӯзи душанбе, якуми январ дар минтақаи нимҷазираи Ното воқеъ дар префектураи Исикава рух дод. Дар он ханаҳои зиёде осеб диданд, даҳҳо ҳазор нафар аз қувваи барқ маҳрум шуданд.

Бино ба гузориши ҳукумати Ҷопон ба беш аз 97 ҳазор нафар сокинони ин минтақа фармон дода шудааст, ки маҳалли истиқомати худро тарк кунанд. Сарвазири Ҷопон эълон кард, ки роҳҳои асосие, ки ба минтақаи зилзила мебаранд, шадидан осеб дидаанд ва ин корҳои имдодрасониро ба мушкил рӯбарӯ мекунад.  Дар айни замон барои роҳандозии корҳои наҷот ва бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ҳарбиён сафарбар шудаанд. 

«Қувваҳои низомӣ ҳам то он ки ба ҷойи ҳодиса расанд, гирифтори мушкилоти зиёд мешаванд, чун роҳҳои бурида шудаанд, одамон зери вайронаҳо мондаанд ва лоизм аст ҳарчи зудтар ба кумаки онҳо шитофт, то биноҳо комилан болои сокинон фурӯ нараванд”,- гуфт ӯ.

Ширкати телефизионии NHK гузориш дод, ки дар айни замон ҳатто духтурон наметавонанд ба кумаки зарардидагоне, ки дар бемористонҳо бистарианд, шитобанд.

барчасп: