Activities calendar

11 январи 2024

КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 16-уми январ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон аз 12 то 16-уми январи соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ  хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад... 

Қувваи заминларза дар маркази он Афғонистон 5 балл буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз, соати 14:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 250 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон буд.

Бино ба гузориши манбаъ қувваи зилзила дар маркази он 5 балл, дар ҳудуди ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт 3 балл ва дар вилояти Суғд 2 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст.