Activities calendar

30 январи 2024

Туман дар рӯзҳои оянда. Чӣ бояд кард? Чанд тавсия аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳамчуноне қаблан ҳам иттилоъ дода будем,  бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 31 январ то 3-4 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад, шаби 30-ум ба 31-уми январ дар як қатор ноҳияҳо ин боришот шиддат мегирад. Ба истиснои қаламрави ВМКБ  аз 31 январ то 2 феврали соли равон дар аксар ноҳияҳои мамлакат туман пешбинӣ шудааст.

Сел дар ноҳияи Панҷ. Талафоти ҷонӣ нест

29 январи соли 2024 тахминан соати 01:40 шаб бар асари боронҳои шадид сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат”, Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ворид шуда, қисман зарар расондааст.  Аз ҷумла:дар ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат” сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.