Activities calendar

31 январи 2024

Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати БОР

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати Бонки осиёии рушд (БОР)-ро бо сарварии мутахассиси байналмилалии ин бонк хонум Белинда Хюитт ба ҳузур пазируфт

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ дар кишвари мо буд.

Заминларза ва лағзиши тарма, ки рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 январи соли 2024 соати 20:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 370 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 33 километр шарқи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд.