Activities calendar

09 январи 2024

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолиятҳои худро дар соли 2023 ҷамъбаст кард

8 январи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, бо иштироки мушовири калон – сардори Раёсати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил Саидалӣ ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ барои соли 2023 баргузор гардид.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, дар рӯзҳои оянда низ дар қаламрави роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, бахусус дар километҳои 48 - 74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.  

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.