Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолиятҳои худро дар соли 2023 ҷамъбаст кард

8 январи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, бо иштироки мушовири калон – сардори Раёсати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил Саидалӣ ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ барои соли 2023 баргузор гардид.

 Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсатҳо ва раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи Марказӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои низомӣ ширкат намуданд. 

Дар ҷаласа фаъолияти Кумита дар соли 2023 ва рӯйдодҳову ҳолатҳои фавқулода дар соли 2023 баррасӣ ва таҳлил шуд.

Ҳисоботи сарварони Сарраёсатҳо, шӯъбаҳои КҲФ дар се вилоят ва шаҳри Душанбе ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ оид ба корҳои анҷомдода дар рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаву офатҳои табиӣ ва техногенӣ, нақшаҳои иҷрошуда дар самти мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2023 гузаронидашуда, таҳлили вазъи интизоми ҳарбӣ, омодагӣ ба зимистон ва сиёсати кадрӣ дар Кумита шунида шуд.

Раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар соли 2023 кормандони Кумита тавонистанд, ки ба аҳолии осебдида сари вақт ёрии ҳамаҷониба расонанд, иқтидори техникии Кумита ва сатҳи касбии кормандонро баланд бардоранд. Вай ҳамчунин ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид кард.

«Ин натиҷаҳо тавассути кори фаъолона ба даст омаданд, ки дар он на танҳо кормандони КҲФ, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ ширкат доштанд. Ба шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили ҳамкориҳо кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида сари вақт расонида шуд. Ҳамчунин бо истифода аз таҷҳизоти махсуси  Кумита барои анҷоми корҳои соҳилбандӣ маводи зарурӣ сари вақт ирсол гардид», - гуфт ӯ.

Сармушовир, сардори Раёсати Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Файзализода барои боз ҳам беҳтар кардани кор дар самти рафъи фаврии паёмадҳои офатҳои табиӣ дар соли 2024 ба ҳамкории бештар бо вазорати идораҳои дахлдори кишвар даъват кард.  

Ҳамчунин, Фозил Саидализода ба Роҳбари Кумита барои фаъолияти фаъолу пурсамар оид ба рушди ҳамкориҳои низомию сиёсӣ дар доираи СПАД Нишони Фахрии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонд. Ва ба сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, генерал-майор Ҷамшед Камолзозода Ифтихорномаи  Шӯрои СААД-ро тақдим кард.

Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода зимни суханронии ҷамъбастӣ иҷрои қатъии дастуру вазифаҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таъкид кард.

Сарвари Кумита бо ишора ба муҳим будани вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ, як бори дигар диққати кормандони ин ниҳоди наҷотро ба бартарафсозии фаврии паёмадҳои ҳар офати табиӣ ва кумаки фаврӣ ба зарардидагон ҷалб намуд.

Раиси Кумита дар фарҷоми суханронии хотимавии худ ба муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалӣ барои коҳиши хатари офатҳо таъкид кард.

Дар ҷаласа вазифаҳо барои соли 2024 муайян карда шуданд.

барчасп: