Мавҷи ҳафтуми коронавирус дар Эрон. Аз 34 ҷонбохта дар як шабонарӯз гузориш мерасад

Вазорати беҳдошти Эрон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар ин кишварро интишор дод, ки 57 шаҳр дар вазъияти сурх қарор доранд. Ин вазорат ҳамчунин гуфт, ки аз рӯи теъдоди гирифторон ба вируси корона, 86 шаҳр дар вазъияти  норинҷӣ,  199 шаҳр дар вазъияти зард, 106 шаҳр дар вазъияти обӣ қарор доранд.

Тағйироти афзоиши чашмгири сироятшудагони нав ба КОВИД-19 дар Эрон нишон аз вуруди мавҷи ҳафтум коронавирус дар ин кишвар медиҳад, раванде, ки дар саросари ҷаҳон оғоз шуда, ҳоло ба Эрон ҳам расидааст.

Бар асоси  тозатарин хабарҳо аз Эрон омори рӯзонаи мубталоён ба 9 ҳазор нафар наздик шуда ва аз ин теъдод беш аз 1200 нафар равонаи бемористонҳо шудаанд.

Чанде пештар омори марг бар асари коронавирус дар Эрон ба сифр расида буд ва дар ҳафтаҳои ахир он афзуд. Тибқи гузоришҳои ахир дастикам 34 нафар дар шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ ҷон бохатанд.

Коршиносон далели афзоиши шумори гирифторон ва фавтидагонро воксангурез будани гунаҳои навтавлиди коронавирус медонанд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори гирифторон коронавирус КОВИД-19 дар ҷаҳон ба 570 миллиону 189 ҳазору 937 нафар расидааст. 6 миллиону 384 ҳазору 336 нафар ҷон бохтаанд ва 545 миллиону 126 ҳазору 952  нафар шифо ёфтаанд. 

Кишварҳое чун ИМА, Ҳинд, Бразилия, Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир бо доштани бештар аз 20 миллион нафар мубтало ба COVID-19  дар ҷадвали кишвраҳои олам шаш ҷойи аввалро ишғол мекунанд.