Activities calendar

13 июли 2022

Гармои шадиду об шудани пиряхҳо. Хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми июли соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Хушксолии бесобиқа дар Италия. Як дарёи бузург хушк мешавад

Дар Италия ҳазорон нафар бар асари қисман хушкидани рӯди По азият мекашанд. Мақомот сабаби инро дар гармои бесобиқа дар минтақа медонанд. Ин ҳолат аз рӯз ба рӯзи дигар хатари беобиро бештар кардааст. Аз нарасидани об ҳосили ҳазорон гектар заминҳои кишт норсид мехушканд. Ҷое, ки ҳамагӣ моҳе пештар сабзу хуррам буд ва маконе, ки оби фаровон аз он ҷорӣ буд, ҳоло сурати як биёбони хушкро ба худ гирифтааст.