Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Дар толори маҷлиси Ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарварии раиси вилояти Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа корҳои анҷомшуда дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба ин масъала сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ полковник Мираков Н. суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷрои фармони Раиси вилоят аз 19 апрели соли 2023 «Дар бораи омодасозии саривақтии иншоотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, ҳамчунин оид ба захираҳои сӯзишворӣ дар муассисаҳои давлатӣ барои нигоҳубини роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумоти муфассал дод.  

Пас аз баррасии масъалаҳо раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҷиҳати беҳтар намудани кор ва ҳамкории сохторҳо дар масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳолати рух додани онҳо супоришҳои мушаххас дод.