Раёсати ВМКБ

Дар ВМКБ ба оилаҳои осебдида кумак тақсим карданд

Бар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумакҳо фиристода шуданд. Аз офатҳои табиии ахир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ зарар диданд.

Тарма як мошину даҳ мусофирашро ба умқи панҷметрае ба самти рӯди Шоҳдара партоб кард. Мусофирон осеб дидаанд; талафоти ҷонӣ нест

Як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон  ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд

Ин ҳодиса дирӯз, 14-уми феврал дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух дод. Мошини “Toyota-микроавтобус”...

Мулоқот дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ

10 – уми феврали соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  мулоқоти ҳайтаи шахсӣ бо мутахассиси Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ дар ин вилоят Ҷумъахонов Шодихон баргузор шуд.

Дар рӯзнома ду масъала: рафти иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Дарси омӯзишӣ дар Раёсати ВМКБ

18 январи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ барои роҳбарони шаҳриву ноҳиявии зерсистемаи Ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда дарси омӯзишӣ баргузор шуд.

Ин дарс дар доираи Нақаи асосии Раёсати КҲФ дар ВМКБ...

Туҳфаҳои солинавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ятимон дар ноҳияи Шуғнон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки бо супориши Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 16-нафар ятими кулли ноҳияи Шуғнон туҳфаҳои  солинавӣ ва маблағи пулӣ расонда шуд.

Страницы