Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда интизори кормандони нав аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳо дар Шуъбаи кор бо ҷомеа озмун эълон мекунад

Талабот: - доштани маълумоти олӣ ва ё техникӣ.

Ҳуҷҷатҳое, ки бояд ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ пешниҳод шаванд: 

а) ариза, ҳолнома;

б) Анкетае, ки дастӣ пур ва имзо карда шудааст. 2 дона расми 9*12;

в) нусхаи шиноснома ва диплом;

г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷате, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандро тасдиқ мекунад;

ж) нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;

з) маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва ҳайати оила.

Ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26 қабул карда мешаванд.

Бо рақами телефони (+992 372) 2217181 шумо метавонед маълумоти иловагӣ дарёфт намоед.

е-mail: info@khf.tj