Сел дар ноҳияҳои Лахш ва Сангвор. Роҳҳо хароб шуданд. Талафоти ҷонӣ нест

25 июли соли 2022 бар асари ҳарорати баланди ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш сел омад ва роҳҳоро муваққатан баст. Ин офати табииӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.

Соати 15:00 дақиқа, дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол  бинобар сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба  селроҳаи дарёчаи “Арчакпа” сел омад ва  пеши  роҳи  дарёи Сурхобро пурра банд намуд.

Ҳалокати 84 нафар дар обҳои кишвар зарфи шаш моҳ. Коҳиши мавзеъҳои осебпазир ба ҳолатҳои фавқулода

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар нишасти мтабуотӣ аз ҳалокати 84 нафар дар обҳои кишвар зарфи шаш моҳи охир хабар дод.

Сарвари идораи наҷоти кишвар гуфт, ки сарфи назар аз рейдҳои мунтазам, роҳандозии дидору мулоқотҳои

Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар бештар аз 15 миллион сомонӣ зарар расондаву 8 нафарро ба ҳалокат расондаанд

Зарфи шаш моҳи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 36 ҳодиса   ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағи умумии 15 млн 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонида, 8 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.  Аз инҳо: 2 нафар  дар натиҷаи омадани селҳо, 2 нафар дар тарма, 2 нафар дар резиши санг ва 2 нафари дигар ҳангоми раъду барқ.

Вокуниши фейсбукиён ба хабари “Фоҷеа дар Кӯлоб...”

Даҳҳо тан аз корбарои шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҳошияи хабари сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда “Фоҷеа дар Кӯлоб. Панҷ нафаре, ки барои харгӯшон лона месохтанд, зери кӯҳпора монданд. Хурдсолтаринашон 6 сол дошт” ибрози назар кардаанд ва ба бозмондагони ин панҷ тан изҳори таслият кардаанд. Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса рӯзи 24-уми июл рух дод. Панҷ нафаре,ки мехостанд барои харгӯшонашон дар  зери як теппа лона бикананд, зери хок

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода

Тамрини маҷмуъии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави шаҳри Турсунзода се рӯз дар се марҳила идома дошт.  Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия, наҷот додани одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.

Страницы