Қадршиносӣ барои наҷоти шахсе, ки ғарқ мешуд

27 июли соли 2022 бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Ализода барои наҷоти шахси ғарқшуда бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуд.

Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ

26 июли соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд тамринҳои маҷмуъиро оғоз карданд.

Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзӯи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои офтати табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” хоҳад гузашт.

Ҳушдор аз хокбориши рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 29-уми июл то 1-уми августи соли равон бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония хоҳад вазид, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

Панҷ навраси ғарқшуда дар як шабонарӯз. Волидон фарзандонатонро эҳтиёт кунед!!!

Бо вуҷуди огоҳиҳои зиёд аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори тавсияҳо дар бораи ҳузур дар соҳили дарёҳоу кӯлу обанборҳо бо вуҷуди он дар обҳои кишвар одамон ғарқ мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта дар обҳои мамлакат 5 нафар наврасон ғарқ шуданд, ки калонтарини онҳо нав ба 18 қадам мегузошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари селу лағзиши тарма ва сангрезиш зиёд аст. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабаҳои 27-28 июли соли 2022 ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад, дар водиҳо то +40+45 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 27-28 июли соли 2022 ба сабаби ҳавои гарм эҳтимоли болоравии сабҳи об дар  ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон вуҷуд дорад.

Страницы