Наҷоти писарбачаи 8-солае, ки мехост худро аз ошёнаи чорум ба зер афканад

Субҳи имрӯз, 8-уми август соати 04:07 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини кӯчаи ба номи Алишер Навоии пойтахт, хонаи №13/4 занг зад ва бо изтироб хабар дод, ки писарбачае дар тирезаи ошёнаи чоруми ин бино истодаву мехоҳад, худро ба зер афканад.

Фавран ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Ҳалокати ҷавони 18-солае, ки кӯҳ барои расмгирӣ рафта буд

Як ҷавони 18-сола, сокини деҳаи Падруди ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат, ки кӯҳи Тарҳ суратгирӣ рафта буд, аз беэҳтиётӣ сарнагун шудааст. Номбурда субҳи бармаҳали рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахмина соати 05:0 аз хона баромадааст ва мехстаааст аксҳои манзаравӣ гирад.

Аз бенишон ғайб задани ӯ волидон ба ташвиш афтода, ба...

Се хабар аз фаъолиятҳои рӯзи гузашта

Рӯзи гузашта, 5-уми августи соли 2022, соати  16:25 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар манзили истиқоматии як сокини кӯчаи Испечак 15/3 об пур шуда, аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи дуюм шорида, хонаи ҳамсояро хароб кардааст.

Мулоқоти ҳайати шахсӣ бо собиқадорони хидмат

6 августи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати собиқадорон бо сарварии Раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ Муқим Мирзоев мулоқот баргузор шуд.

Дар мулоқот собиқадори хизмат полковники мустаъфӣ Усмонов Искандар оид ба таърихи ташаккули мудофиаи...

ТАШАККУР КҲФ!

ТАШАККУР КҲФ

Номаи сипоси гурӯҳе аз сокиони кӯчаи ба номи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳамин чанд лаҳза пештар расид.

Сокинон аз вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як арзашон дар мавриди бартараф кардани хатари эҳтимолии шохаи чинор дар  маҳалли зисташон изҳори ташаккур мекарданд.

Страницы