Идомаи роҳандозии чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони байналмиллалии рушд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ – 13 октябр»-ро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ идома медиҳанд.

Таҳлили ҳодисаҳои аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида...

Ҳудудан 70 нафар сарбозону афсарони КҲФ дар корҳои рафъи паёмадҳои муноқишаи наздимарзӣ дар Исфара ҷалб шудаанд

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ҷабрдидаи деҳоти наздимарзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд маводҳои сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас гардид ва ҳоло барқарор намудани хонаҳои вайроншудаву харобгашта ва дигар биноҳои маъмурӣ идома доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи 9 моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

11 октябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генрал-полковник Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолияти КҲФ зарфи 9 моҳи охир баргузор шуд.

Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳо,

Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Субҳи имрӯз, соати 04:23 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 267 километр  ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 33  километр шимолу ғарби ноҳияи Ишкошим дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 4  балл ва дар ноҳияи Ишкошим  2-3  баллро ташкил дод. 

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати ВМКБ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ” дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ, Шабакаи ёрии таъҷилии тиббиӣ шаҳри Хоруғ, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ  ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ВМКБ дар кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғ озмуни “Калидчаи мадарасон”-ро доир намуд.

Страницы