Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Субҳи имрӯз, соати 04:23 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 267 километр  ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 33  километр шимолу ғарби ноҳияи Ишкошим дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 4  балл ва дар ноҳияи Ишкошим  2-3  баллро ташкил дод. 

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: