Селҳои харобкор дар Покистон. Ҳудудан ҳазор нафар ҳалок ва наздик ба 33 миллион нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Вазири  умури иқлимии Покистон гуфтааст, ки аз се як ҳиссаи ин кишвар дар пайи  сели бесобиқа зери об мондааст. Селҳои вайронгар дар нуқоти мухталифи Покистон хонаҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳои зиёдеро зери об кардааст. Бино ба маълумоти Раёсати мубориза бо офатҳои табии Покистон шумори қурбониёни ин селҳо дар саросари кишвар ба беш аз 1 ҳазор нафар расидааст.

Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг

Дар асоси иҷрои банди 4, зербанди 10 –и Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022  аз 24 то 27 августи соли 2022  дар ноҳияи Ховалинг санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда»  гузаронида  шуд.

Сеюмин шабонарӯз аст, ки дар Русия беш аз 40 ҳазор сироятшудаи нав ба COVID-19-ро ба қайд мегиранд

COVID-19

Бино ба гузоришҳои расмӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар Русия дар ҳоли афзоиши бесобиқа аст. Шабонарӯзи гузашта 46 ҳазору 452 мубталои нав ба КОВИД-19 сабт шуд. Аз моҳи марти соли равон ин аввалин бор аст, ки шумори гирифторони шабонарӯзӣ ба ин вирус аз 40 ҳазор боло меравад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 3912 нафар дар беморхонаҳо

Оғози машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои соли 2022  рӯзи 24 август дар шаҳри Панҷакент  санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба

Анҷоми “Футболи хурд” дар Кумита

Футболи хурд

Бозии варзишии “Футболи хурд”, ки 8 августи соли 2022  бахшида ба рӯзи таъсисёбии Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита оғоз гардида буд, рӯзи 22-уми август ба анҷом расид.

Дар чорабинии мазкур 8 даста ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 3 даста ғолибони мусобиқа дониста шуданд.

Страницы