Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардид.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ба Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид

23 сентябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин вориди кишвар гардид, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд.

Ду хабари рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади писарбачаи 16-сола дар рӯди Кофарниҳон

Рӯзи 22 сентябри соли 2022,  соати 18:58 дақиқа як сокини бинои 41/1, кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш баста шудаву фарзани ноболиғаш дохили он мондааст.

Бо дарёфти хабар дстаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ...

Корвони мошинҳо бо кумакҳои моддии Пешвои миллат ба Исфара расиданд

Хадамоти  матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд аз расидани корвони мошинҳои пурбор кумакҳои моддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони низоъҳои наздисарҳадии вилоят хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии

Ҷасади ронандаеро, ки 11 рӯз пеш дар рӯди Панҷ сарозер шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади ронанда

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз пайдо шудани ҷасади як марди 58 – сола дар соҳили дарёи Панҷ хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мард, ки сокини деҳаи Чоҳкандези ҷамоати деҳоти Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон буд, рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ бо мошинаш ба дарё сарозер шуда буд.
Ҳодиса он рӯз тахминан соати 13:45 дақиқа рух додааст ва

Страницы