Мудофиаи гражданӣ

Санҷиши омодагии ниҳодҳои зидахли Роғун дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аксари 18 пешниҳоди Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин шаҳрро, ки ахиран ироа шуда буд, иҷро кардааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Роғун мегӯяд масъалаи омодагии қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳрро  вобаста ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ  ва таъмини амнияти  аҳолӣ санҷидааст.

Ниҳодҳои мудофиаи граждании ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифадор шуданд иншоотҳои ҳимоявиро ба зудӣ таъмир кунанд

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар муассисаҳои маорифи кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд.
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламхон Қурбонов ҷаласаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда доир шуд ва натиҷаи фаъолияти ниҳод дар 11 моҳи охири соли равонро баррсасӣ кард.

Тамринҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар ноҳияи Варзоб ба анҷом расиданд

Имрӯз, 18-уми ноябр тамринҳои саҳроии “Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия”, ки рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Варзоб оғоз шуда буд, ба поён расид.
Тамринҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати иҷроияи ноҳия

Оғози тамринҳои панҷрӯзаи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб

Аз 15 то 19-уми ноябри соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои саҳроии “Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия” ширкат мекунанд.
Ин тамринҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои

Даричаи ошноӣ: Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ

Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ ягона ташкилоти байналмилалист, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ чун ниҳоди мудофиаи гражданӣ фаъолият мекунад.
Дар айни замон 52 кишвари олам дар ин созмон узвият доранд, 17 кишвар чун нозир ва 17 мамлакати дигар узви вобастаи онанд.
Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ соли 1931 аз ҷониби генерали хадамоти тиббии Фаронса Жорж Сен-Пол

Страницы