Санҷиши омодагии ниҳодҳои зидахли Роғун дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аксари 18 пешниҳоди Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин шаҳрро, ки ахиран ироа шуда буд, иҷро кардааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Роғун мегӯяд масъалаи омодагии қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳрро  вобаста ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ  ва таъмини амнияти  аҳолӣ санҷидааст.
Дар гузориши ин Ситод омадааст, ки бо мақсади муайян намудани ҳолати омодагии қувва ва техникаҳои корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Роғун оид ба зимистони солҳои 2016-2017 дар мувофиқа бо Раиси шаҳри Роғун дар таърихи 15- уми моҳи ноябри соли 2016  санҷиши мукаммали амалии қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳр  гузаронида шуд.
Сараввал мувофиқи нақшаи огоҳкунӣ ва алоқа амри ҷамъшавӣ дар майдончаи №4-уми сохтмонӣ таввасути хадамоти таъмини алоқа ба роҳбарони корхонаҳо расонида шуд.
Муайян гардид, ки таъмини алоқа аз тарафи хадамоти мазкур таввасути алоқаи мобилӣ ва радиостансионӣ дуруст ба роҳ монда шуда, дар муҳлати муқарраршуда, аз соати 4:45 то 5:20 роҳбарони корхонаҳо бо кормандон ва техникаҳояшон ба ҷои муайяншуда гирд омаданд.
Дар санҷиши мазкур 28 корхона ҷалб карда шуд, ки аз ин миқдор 27 корхона, 88 нафар ва 35 адад техникаҳо ба ҷои муайянгардида ҳозир шуданд.
Аз шумораи умумии техникаҳои ҷамъшуда 28 ададашро техникаҳои давлатӣ ташкил намуд. Аз ин шумора 7 адад техникаҳои роҳрӯбӣ ва 9 адад техникаи боркаш ташкил намуд.
Амали қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳр дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи чорабинӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аксари 18 пешниҳоди Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин шаҳрро, ки ахиран ироа шуда буд, иҷро кардааст.
Аз ҷумлаи ин пешниҳодот таъмиру тармими қубури садамавӣ дар қисми болои деҳаи Сесанга, ба роҳ мондани корҳои соҳилбандӣ ва мустаҳкам кардани соҳилҳои осебпазир ба масофаи 400 метр дар мавзеъҳои хатарнок, тармими ду даромадгоҳи садамавии бинои чорошёнаи №76, тамири 2 утоқи садамавии хобгоҳи мактаб-интернати №4, бунёди обпарто дар кучаи Норакиёни маркази шаҳр аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  ба сомон расидааст.
Дар ин давра дар 12 корхонаву муассисаҳои ҳудуди шаҳр машқҳои амалии ситод дар мавзуъҳои гуногун ташкил ва гузаронида шудааст.