Activities calendar

14 декабря 2016

КҲФ тафтиши фаъолияти сарварони Ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомиро оғоз кард

Як гуруҳи корӣ, ки ахиран бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, сатҳи омодагиву корбарии Ситодҳои минтақавӣ ва фармондеҳони воҳидҳои низомии тобеъи Кумитаро меомӯзад.
Бо мақсади омӯзиши вазъи амалӣ, тафтиш ва арзёбии самаранокии фаъолияти роҳбарони ситодҳои ноҳияҳо,

Ҳамдардии Сарвари КҲФ ба даргузашти ҳамтои арманиаш Армен Еритсян

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба муносибати даргузашти нобаҳангоми Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Еритсян барқияи ҳамдардӣ ирсол кард.
«Ба аҳли хонавода, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунем. Арзи тасаллияти моро бипазиред.