Activities calendar

20 декабря 2016

55 ҳолати фавқулоддаи табиӣ соли 2016 беш аз 161 миллион сомонӣ зарар овард

55 офати табиии соли 2016 ба кишвар 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомонӣ зарар овардааст. Ва бар асари ин офатҳо – 20 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 17 нафари онҳо сокинони вилояти Суғд буданд. Ду нафар дар вилояти Хатлон ҷон бохтанд ва як тани дигар дар минтақаи Рашт.
Бар асари офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза,  шамол, боронҳои зиёд ва омадани сел соли 2016 дар шаҳру

Аз 119 ғарқшудагони соли 2016 55 нафарашон ҳанӯз ба синни 17 нарасида буданд

Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 119 нафар бар асари ғарқ шудан дар об ҷони худро аз даст додаанд. Таҳлили оморҳои фаврӣ ҳикоят аз он доранд, ки  55 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагон шаҳрвандони синни то 17-сола буда, 64 нафар афроди аз 17-сола боло мебошанд.
Ин афрод дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд. Аз ҷумла, касоне даст ба худкушӣ задаанд ва ҷонашонро аз даст додаанд, теъдоде бар асари садамаҳои