Мудофиаи гражданӣ

Натиҷагирӣ аз машқи мукаммал дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон

Аз 27 то 30 августи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва машқи мукаммал дар мавзуи  «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавии сатҳи ноҳиявии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ   оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои

Мулоқоти кормандони КҲФ бо коргарони корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Нуриҳои Осиё”

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективҳои меҳнатӣ пайваста вохӯриҳо мегузаронанд. Ин гуна дидору мулоқот аксар вақт дар шакли муколама доир мешавад. Шаҳрвандон ба ҳама суолҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои амнияту бехатарӣ ва муқобилият бо офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулода посух мегиранд.

Чунончӣ, 11-уми июли соли 2019 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо кормандони корхонаи кимиё, ки дар Тоҷикистон калонтарин корхона дар тавлиди нуриҳои минералӣ ба шумор меравад, дарс гузарониданд. 

Бахшида ба «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» иқдоми муштарак баргузор гашт

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ дар давраи то соли 2020», ки  2 апрели соли 2015 № 178 қабул гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳои Кумита барои соли 2019, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тозагии соҳил» бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита гузаронида шуд.

Фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

Ҳама сола дар ҷаҳон 1 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Ба зиммаи Кумита таъмини иҷрои вазифаҳои сиёсати давлатӣ, танзими меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини хизмати давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҲФ ва МГ, роҳбарии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои он вогузор гардидааст.

Тамринҳои нави омӯзишӣ дар ноҳияи Кушониён

Ниҳодҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша бояд дар ҳоли омодабош бошанд. Бахусус дар остонаи вуруди баҳор, ки фасли сербориши сол аст, бояд ҳайати роҳбарии мудофаи гражданӣ бештар миёни мардум бошанд ва онҳоро қоидаҳои бехатарии амал дар ҳолатҳои фавқулодда омӯзанд. Кормандони бахши ноҳиявии Раёсати КҲФ дар ноҳияи Кушониён бо ҳамин ҳадаф як тамрини

Страницы