Мудофиаи гражданӣ

Санҷиши омодагиҳо ба заминларзаҳои эҳтимолӣ дар Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор (ВИДЕО)

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор бо ширкати ҳамаи аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло иштирок намуд.

Тамрин дар Донишгоҳи аграрӣ. Наҷотдиҳандагон амал ҳангоми сӯхтори эҳтимолӣ дар ин Донишгоҳро машқ карданд

Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба амал омадани сўхтор» гузаронида шуд.

Роҳандозии корҳои поксозӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироят ба кроновирус дар шаҳри Душанбе (ВИДЕО)

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси короно кормандони КҲФ корҳои фарогири коркарди санитарӣ дар ҷойҳои таҷаммуъи одамон – нақлиёти шаҳрӣ, истгоҳҳои автобусҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва ғайраро идома медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз ҳама имкониятҳои худ ба мақомоти идории маҳаллӣ дар роҳандозии корҳои...

Машқ дар Ванҷ. Омодагии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мардум ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020 кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар қаламрави ноҳияи Ванҷ машқи маҷмуӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин машқҳо муддати се рӯз тибқи мавзуи: “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии...

Страницы