Бахшида ба «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» иқдоми муштарак баргузор гашт

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ дар давраи то соли 2020», ки  2 апрели соли 2015 № 178 қабул гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳои Кумита барои соли 2019, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тозагии соҳил» бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита гузаронида шуд.

Чорабинии «Тозагии соҳил» ба таҷлили «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашт.

Ҳамин тариқ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита, аҳолии маҳаллӣ, кормандони Кумита ҳараҳои умумӣ эълон гашта, сою каналҳо, ҷуйборҳо, соҳили дарёву обанборҳо аз партовҳо ва алафҳо тоза карда шуданд.

Баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мушкилотҳои экологиро дар як муддати кӯтоҳ бартараф намоем.

Чунин иқдомҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома хоҳанд ёфт.