Тамринҳои нави омӯзишӣ дар ноҳияи Кушониён

Ниҳодҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша бояд дар ҳоли омодабош бошанд. Бахусус дар остонаи вуруди баҳор, ки фасли сербориши сол аст, бояд ҳайати роҳбарии мудофаи гражданӣ бештар миёни мардум бошанд ва онҳоро қоидаҳои бехатарии амал дар ҳолатҳои фавқулодда омӯзанд. Кормандони бахши ноҳиявии Раёсати КҲФ дар ноҳияи Кушониён бо ҳамин ҳадаф як тамрини фарогирро созмон доданд.

 27 феврали соли 2019 дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарии мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми таҳдиди ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолии алоқаманд ба боришҳои идомадор ва болоравии сатҳи об дар дарёи Вахш, обхезиву сел, зери об мондани қаламрави назди деҳаҳои Сари Пул ва Дӯстии ҷамоати шаҳраки Бохтариён, иҷрои чорабиниҳои аввалиндараҷаи мудофиаи гражданӣ” баргузор намуд. 

Дар рафти тамринҳо масъалаҳои хабардорсозӣ ва ҷамъоварии ҳайати роҳбарӣ, ташкили чорабиниҳои интиқолӣ, роҳандозии корҳои ҷамъоварии маълумот ва пайдо кардани роҳи ҳалли бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, созмондеҳии корҳои садамавиву наҷот ва дигар корҳои заруриро машқ карданд. 

Ҳадафи ин гуна чорабиниҳо ба ҳоли омодабоши ҳамешагӣ даровардани роҳбарони мақомоти идорӣ, омодасозии онҳо барои роҳандозии корҳои амалӣ дар сурати рух додани ин ё он офати табиӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.