Мудофиаи гражданӣ

44 нафар афсарони КҲФ дар анҷоми омӯзиши шашрӯза соҳиби сертификат шуданд

Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ оид ба такмили ихтисоси ҳайати афсарони Кумита, ки коршиносони Созмонҳои байналмилалии мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ карда буданд, баргузор шуд.
Ҷанишини Раиси Кумита М.Салимзода дар сухани ҷамъбастии худ ба ҳайати мураббиён ҷиҳати баргузории ин давраи муфиди омӯзишӣ барои афсарон изҳори сипос намуд.

Баррасии ҷараёни иҷрои як қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар семинар бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо

25 октябри соли 2016 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазоратҳо ва идораҳои мусъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ семинар баргузор шуд. Дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Оғози дарсҳои омӯзишии шашрӯза дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишии такмили ихтисоси ҳайати афсарони оғоз шуд.
Ҳадафи ин дарсҳо татбиқи амалии Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия

Анҷоми тамрини панҷрӯзаи мудофиаи гражданӣ дар Рӯшон

Дар тамрини мудофиаи гражданӣ, ки гуруҳи эъзомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ доир кард, 11 хадамоти ноҳиявию вилоятӣ, неруҳои ғайриҳарбии 7 ҷамоат, иншоотҳо ва 450 нафар аҳолии ноҳия, ҳамчунин афсарони Ситоди ВМКБ ва намояндагони Кумита иштирок намуданд.
Ин машқҳои омӯзишӣ аз 11 то 15-уми октябри соли равон  тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои

Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатарро таҷлил мекунад

Аз 12 то 13-уми октябри соли равон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонии як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон роҳандозии як силсила чорабиниҳои иттилоотиву таблиғотиро ба нақша гирифтааст.
Ин чорабиниҳо дар шакли “мизҳои гирд”, дидору мулоқот ҷиҳати ироаи иттилоъи бештар ва боло бурдани маърифати

Страницы