Тамринҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар ноҳияи Варзоб ба анҷом расиданд

Имрӯз, 18-уми ноябр тамринҳои саҳроии “Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия”, ки рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Варзоб оғоз шуда буд, ба поён расид.
Тамринҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати иҷроияи ноҳия гузаронида шуд.
Ташкилкунандагони машқҳо корҳои наҷоти аҳолӣ дар макони ҳолати фавқулодда, таъмини зарардидагон бо маводи озуқа ва молҳои ниёзи аввалия ва ғайраро тамрин карданд.
Ин омӯзишҳо таҳти роҳбарии сарвари мудофиаи граждании ноҳия – раиси ҳукумати иҷроияи ноҳияи Варзоб тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2016 гузашт.
Дар ҷараёни ин омӯзишҳо масъалаҳои омодгии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо тамрин шуданд.
Ҳамзамон дараҷаи омодагии аҳолӣ ба ҳимоя аз фуруд омадани тарма, заминларза машқ карда шуданд, ҳамчунин омодагии неруҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ дар давраи зимистон арзёбӣ шуданд.
Омӯзишҳои фармондеҳӣ-ситодӣ дар ду марҳила гузаштанд.
Дар марҳилаи аввал амали мақомоти идории мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда нишон дода шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври ҳамешагӣ, бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ гузаронида мешаванд.