Киштиҳои зери обрафтаи олам дар моҳҳои марти солҳои гуногун

Ин бахш ёде аз таърихи фоҷеаҳои башарист. Ҳаводисе, ки дар он одамон қурбон шуданд, киштиҳо бо ҳама бори гарони худ зери об рафтанд ва ё шикаставу пора шуданд. Дар таърихи башар ин гуна рӯйдодҳо хеле зиёд иттифоқ уфтодаанд. Аз чанде аз ин ҳаводис, ки моҳҳои марти солҳои гуногун рух додаанд, мухтасар ёд мекунем.

17 марти соли 1800 ҳангоми шино дар наздикии бандари Ливорно...

Хабарҳои рӯзи гузашта: Захмиёни резиши санг дар Язгулом, тармаи харобкор ва селҳои таҳдидовар

Резиши санг се корманди КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиётро захмӣ кард.  Сел як садди 40-метраро дар Восеъ шуст. Тарма дар Шуғнон як хонаро пурра ва хонаи дигарро қисман хароб кард. Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки то чанд лаҳза пеш баста буд, боз шуд.

Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатарҳои лағзиши тарма ва омадани...

Боздид аз Осорхонаи миллӣ

15 марти соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи милли Тоҷикистон дидан намуданд.

Онҳо бо намоишгоҳҳои мероси маънавии халқи тоҷик, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, бо толори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии

Хабарҳои рӯзи гузашта: Сели харобкор дар Ашт, обхезӣ дар Восеъ, тарма дар Тоҷикобод ва ВМКБ

Рӯзи 13-уми  марти соли равон тахминан соати 23:10 дақиқа аз сабаби боридани борони шадид сатҳи оби селроҳаи Аштсой ва Пунуксой баланд гардида, ба канали Фарғона мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ориён селоба  сарозер шуд.

Сел ба 18 ҳавлӣ ва 2 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи мазкур, инчунин ба ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ва тақрибан 70 гектар замини кишоварзӣ ворид шуд ва зарар расонд.

Кумита огоҳ месозад, номусоидии боду ҳаво хавфу хатар дорад! (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 15-18 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борон, дар баландиҳои 2500 метр борон ва барфи тар) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

Рӯзҳои 15 ва 18 марти соли 2022  дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти...

Страницы