майи 2024

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 3-5-уми майи соли ҷорӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар қаламрави кишвар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид дар назар аст.

Чунончӣ, рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.