Ҳушдори такрории КҲФ аз хатари лағзиши тармаву омадани сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 20 марти соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии   тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ, водиҳо ва до манакӯҳҳои вилояти Хатлон ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст. Хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои Душанбе – Лахш, Душанбе – Кӯлоб,

Кумакҳои навбатии САҲА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 марти соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ баргузор гардид. Таҷҳизот дар доираи ҳамкориҳои КҲФ Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ироа гардид.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Тармаву селҳо ва ярчи харобкор дар Роштқалъа, Шуғнон, Панҷекат ва чанд роҳи то кунун баста дар қаламрави кишвар

17 марти соли 2022 соати 10:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи К.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса ду хонаи истиқоматии сокинон ва иншооти ёрирасон пурра хароб шуданд. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Ҳамчунин дар натиҷаи лағзиши тарма 100 метр роҳи мошингард ва 350-400 метр хати интиқоли неруи барқ хароб шудааст.

Наврӯз сапедадами ҳастист...

Наврўз, ки бо номи ҷашни Фарвардин, Наврӯзи Ҷамшедӣ шўҳратёр аст, муҳимтарин ҷашни миллии мост. Умумитарин аст, зеро Наврўз марзе намешиносад ва аз ҳар дару деворе ба сарзамини биҳиштосои мо ворид мешавад ва тамоми қавму мазҳабро дар ин сарзамини бостонӣ яксон шодмон месозад. Наврўз бузургдошти ростию ҳақиқат ва марзу буми сарзамини кўҳан, нишонаи мардуми накўкор ва накўсиришт аст!

Страницы