Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ва бориши барф дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 7 то 12-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.

Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати...

Замин ларзид, марказ Афғонистон. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ 5 –уми январи соли равон соати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 256 километр ҷанубу шарқи шаҳри...

Семинар барои директорони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои 28 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт семинар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади амалӣ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе, No699 аз 26 декабри соли 2022 «Дар...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд (ВИДЕО)

5 январи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода ширкат намуд.

Январи гарм дар Аврупо. Ҳаво дар 8 кишвари ин қора ба ҳадди рекордӣ гарм шуд

Аз аввали моҳи январ гармои ғайриинтизор кишварҳои Аврупоро фаро гирифт ва дар баъзе минтақаҳо ин гармӣ ба ҳадди рекордӣ расид. Нархи биржавии газ ба ҳадди то замони ҷангӣ поин рафт. Лаҳистон, ки дар асл як кишвари чандон гарм дар фасли зимистон аст, рӯзи якшанбеи гузашта 19 дараҷа гарм буд. Дар шаҳри испонии Билбао ҳамон рӯз дамои ҳаво ба  +25 дараҷа расид, ки он дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи январ 10 дараҷа зиёд буд.

Страницы