Январи гарм дар Аврупо. Ҳаво дар 8 кишвари ин қора ба ҳадди рекордӣ гарм шуд

Аз аввали моҳи январ гармои ғайриинтизор кишварҳои Аврупоро фаро гирифт ва дар баъзе минтақаҳо ин гармӣ ба ҳадди рекордӣ расид. Нархи биржавии газ ба ҳадди то замони ҷангӣ поин рафт. Лаҳистон, ки дар асл як кишвари чандон гарм дар фасли зимистон аст, рӯзи якшанбеи гузашта 19 дараҷа гарм буд. Дар шаҳри испонии Билбао ҳамон рӯз дамои ҳаво ба  +25 дараҷа расид, ки он дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи январ 10 дараҷа зиёд буд.

Роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатари оофатҳо дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби захираи моддии мақомот дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат ва Турсун Улҷабоев бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ тоза намудани ҷӯйбори обгузарро аз қуму лойқа ба масофаи 1000 метр ба нақша гирифта, айни замон корҳои тозакунӣ дар ин мавзеъҳо ба масофаи 500 метр гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши шашум

Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Соли 2022 дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулода ба қайд гирифта шудааст

30 декабри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолаӣҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ширкати муовини аввали Раиси Кумита , полковник Ҳотамшо Латифзода баргузор шуд, ки дар он  ҳайати шахсии Раёсат ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Страницы