ФАРҶОМИ УМРИ МУСОФИР

25 сол моро аз фоҷеи суқути ҳавопаймои Тоҷикитсон дар Шарҷа ҷудо мекунад.  Рӯзи душанбе буд, аввалин моҳи зимистони соли 1997. Ҳавопаймои Ту-154 бо хатсайри 3183 аз шаҳри Хуҷанд ба самти Шарҷаи Иморати Мутаҳидаи Араб дар парвоз шуд. Аксари сарнишинони он тоҷирон буданд ва боз касоне, ки чун гардишгар мехостанд соли навро дар Иморат пешвоз гиранд. Аммо бештари онҳо соҳибони мағозаҳои хусусӣ

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ...

Ду хабар аз рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои боз кардани дарҳои тасодуфан басташудаи онҳо ба кумак шитофтанд.  Ин ду ҳодиса ҳам дар шаҳри Душанбе иттифоқ уфтодааст ва дар ду мавриди наҷотдиҳандагон аз Раёсати КҲФ дар пойтахти кишвар ба ёрӣ расиданд.

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Рӯдакӣ буд

Бино ба гузориши Институти геология ва сеймсологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-уми декабри соли равон, соати 06:05 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон  замин ларзид.

Маркази заминларза 14 километр ҷанубтари шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Ҳамлаи гургон ба инсон. Чанд маслиҳат аз КҲФ

gurgon

Ҳамчуноне хабар додем, 11 декабри соли 2022 тахминан соати 15:16 галаи гургон ба сари як рама дар қаламрави деҳаи Сежди наздикии Девлохи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳамла карданд. Дар натиҷа 28 сар чорвои хурдро дариданд. Ҳамлаи гургон - ин дарандаҳои ваҳшӣ ба чорвои хонагӣ ва инсон аз қадим аз ҷумлаи ҳодисаҳое будааст, ки аҳён-аҳён рух медиҳад. Бахусус агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, ба одамон ва

Страницы