Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он Афғонистон буд

19-уми январи соли равон соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии кишвар маркази он қаламрави Афғонистон буд.

Бино ба иттилои ин манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод. Дар Душанбе он 2 балл буд.

Корҳои наҷоти шабонарӯзи гузашта. Чанд маслиҳати муфид ба волидоне, ки тифлонашонро танҳо дар хона мемонанд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта се маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои расонидани ёриҳои фаврӣ аз қароргоҳи худ берун шуданд. Думаротиба бо даъвати сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сомонии пойтахт, ки мегуфтанд аз оби зиёд таҳхонаи хонаҳояшон пур шудаву хатар ба манзилҳои истиқоматӣ таҳдид мекунад.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма дар ду рӯзи оянда боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар навоҳии кӯҳӣ, ҳамчунин дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари...

Дарси омӯзишӣ дар Раёсати ВМКБ

18 январи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ барои роҳбарони шаҳриву ноҳиявии зерсистемаи Ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда дарси омӯзишӣ баргузор шуд.

Ин дарс дар доираи Нақаи асосии Раёсати КҲФ дар ВМКБ...

Тавсияҳои КҲФ барои ҳифзи дарахтон дар сармо

Барфи фаровоне, ки дар қаламрави кишвар борид, сабабгори сардиву сармои бесобиқа шуд. Бар ба ҳадде зиёдборид, ки ҳоло ба кӯчаву хиёбон, ки меравед, дарахтони сарафканда аз барфи вазнинро мебинед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ  тавсияҳоеро ба хотири...

Страницы