Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Қаҳрамонмараш корҳои наҷотро оғоз намуданд (ВИДЕО)

Субҳи бармаҳали имрӯз, 10-уми феврал, соати 06.00 бо вақти маҳаллӣ дастаи имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақае аз вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз карданд.  Вилояти Қаҳармонмараш дар Туркия аз ҷумлаи вилоятҳоест, ки дар заминларзаи ахир харобии бештарро таҷриба мекунад.

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Истамбул ба Ғозиайнтоб парвоз карданд

Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз вориди Туркия шуда буданд, аз шаҳри Истамбул ба шаҳри Ғозиайнтоб воқеъ дар ҷануби ин кишвар парвоз карданд.

Ғозиайнтоб  маркази маъмурии вилояти Ғозиайнтоб буда, бештар аз ду миллион аҳолӣ дорад ва шашумин шаҳри калонтарини Туркия ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр яке аз минтақаҳоест, ки дар зилзилаи ахир бештар хароб шуд.

Таркиши газ дар Новосибирск 3 нафарро ҳалок кард (ВИДЕО)

Бар асари таркиши газ дар як бинои панҷошёна дар шаҳри Новосибирски Русия ду даромадгоҳи он пурра фурӯ рафтааст ва 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Зарфи се рӯзи охир ин дуюмин ҳодиса дар ин кишвар аст. Рӯзи сешанбе дар як сохтмони панҷошёна воқеъ дар шаҳри Ефремови вилояти Тула низ ҳодисаи таркиши газ ба қайд гирифта шуда буд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда озими Туркия шуданд

Як поси шаби 9-уми феврали соли равон як ҳавопаймо бо дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Душанба ба самти шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия  парвоз кард. Қарор аст имдодгарони Кумита дар рафъи паёмадҳои заминларзаи мудҳиш дар қаламрави Туркия ширкат кунанд.

Ин аввалин бор аст, ки наҷотдиҳандагони КҲФ дар роҳандозии амалиётҳои наҷот дар хориҷи кишвар ширкат мекунанд.

Субҳи имрӯз имдодгарони КҲФ вориди хоки Туркия шуданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳо ба осебдидагони заминларза вориди хоки Туркия шуданд.

Ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони кишвар рӯзи 9-уми феврал соати 07:20 дақиқа бо вақти Туркия дар фурӯдгоҳи шаҳри Истамбул ба замин нишаст.

Страницы