Оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ дар фурсати кӯтоҳтарин бартараф карда мешаванд
Чоп шуд: 21/02/2023 | adminТавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 феврал бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан намуд.