Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ дар нимсолаи аввали соли 2018

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи ширкаткунандагони  ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  таъкид карданд.

26 июни сол 2018 таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Метҳа, бо иштироки сарварони созмонҳои баййналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) доир гардид. 

Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон бо ҳолатҳои фавқуллоддае, ки дар кишвар зарфи нимсолаи аввали соли ҷорӣ шуда гузашт, ошно шуданд, ҳамчунин корҳои анҷомдодашуда ва фаъолиятҳои муштарак барои бартарасозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд. Кормандони масъули КҲФ, ки дар ин ҷаласа ширкат доштанд, сарварони созмонҳои байналмилалӣ – аъзои гурӯҳи РЕАКТ-ро бо Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022, ки моҳи майи соли ҷорӣ қабул ва тасдиқ шуда буд, шинос карданд. 

Ҳамчунин ба омӯзишҳои байниидоравӣ оид ба вокунишҳо дар ҳоли афзудани теъдоди паноҳандагон, ки бо кумаку мусоидати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон баргузор шуда буд, баҳо дода шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушд, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва ҷомеаи байналмилалӣ баррасӣ шуда, қарор оид ба методологияи арзёбии зарар ва эҳтиёҷ муҳокима гардид, шартҳои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонии муқими Тоҷикистон муайян карда шуданд. 

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани зарфиятҳои КҲФ чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳимояи аҳолӣ, иншоотҳои саноатӣ ва иқтисодӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ таъкид карданд.